Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мурувват набошад бадӣ бо касе,
Ки з-ў некувӣ дида бошӣ басе.
Саъдии Шерозӣ

Макун бад ба фарзанди мардум нигоҳ,
Ки фарзанди хешат барояд табоҳ.
Саъдии Шерозӣ

Аз бадон некувӣ наёмузӣ,
Н-ояд аз гург пўстиндўзӣ.
Саъдии Шерозӣ

Чу мева сер хўрдӣ, шох машкан!
Саъдии Шерозӣ

Чу поят гирад аз барги гул озор,
Ба раҳ мапсанд дар пои касон хор!
Хусрави Деҳлавӣ

Чу напсандӣ ғуборе бар дили хеш,
Хазон дар гулситони кас маяндеш!
Хусрави Деҳлавӣ

Ҳар чи ки бар хеш надорӣ раво,
Бар дигаре низ набошад даво.
Хусрави Деҳлавӣ

Чу бар худ надорӣ раво наштаре,
Макаш теғ бар гардани дигаре!
Хусрави Деҳлавӣ

Он ки кирдори бад раво бинад,
Худ зи кирдори худ ҷазо бинад.
Хусрави Деҳлавӣ

Чу бад гуфтӣ, озод маншин басе,
Ки рўзе туро низ гўяд касе!
Хусрави Деҳлавӣ
Мадор аз бадон чашми некӣ, аз он-к
Шакар кас нахўрд аз найи бўрё.
Ибни Ямин

Агар бад кунӣ, чашми некӣ мадор,
Ки гар хор корӣ, суман надравӣ.
Ибни Ямин

Зи бад дур бошу ба некӣ бикўш!
Ҳофизи Шерозӣ

Гар ислоҳи халқи ҷаҳон боядат,
Дил аз ҳар бадӣ баркарон боядат.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чоҳкан осудагӣ зи чоҳ надорад.
Эраҷ Мирзо

Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некўиҳост.
«Таърихи гузида»

Бад мекуниву нек тамаъ медорӣ,
Некӣ набувад ҷазои бадкирдорӣ.
«Калила ва Димна»

Сад бор бадӣ кардию шарми ту наёмад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?!


Баду некӣ ба ҷои душману дўст,
Ҳар яке дар маҳалли худ некўст.


Дарахти бад аз бех барканда беҳ!


То бад накунӣ, зи бад маяндеш!


Бадкирдор бадандеш бувад.

пешина
аз 331
навбатӣ