Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар миёни дўстон масрур бош,
Гар хабар дорӣ, зи душман, дур бош!
Фаридуддини Аттор

Ҳар киро бошад аз ту бими газанд,
Сурати амн аз ў хаёл мабанд!
Каждумон халқро, ки неш зананд,
Ағлаб аз бими ҷони хеш зананд.
Саъдии Шерозӣ

Душман агар дўст шавад чанд бор,
Соҳиби ақлаш нашуморад ба дўст.
Саъдии Шерозӣ

Чу душман ба аҷз андар омад зи дар,
Набояд, ки пархош ҷўйӣ дигар.
Саъдии Шерозӣ

Магў андўҳи хеш бо душманон,
Ки «лоҳавл» гўянд шодикунон.
Саъдии Шерозӣ

Аз душмани заиф андеша кун, ки дар вақти бечорагӣ ба ҷон бикўшад. Гурба агарчи заиф аст, агар бо шер дарафтад, ба зарурат бизанад ба чангол ва чашмонашро барканад.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар ки душмани кўчакро ҳақир мешуморад, бад-он монад, ки оташи андакро муҳмал мегузорад.
Саъдии Шерозӣ

Душман чун аз ҳама ҳилате фурў монад, силсилаи дўстӣ биҷунбонад, пас аз он гаҳ ба дўстӣ корҳо кунад, ки ҳеҷ душман натавонад.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ