Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. ЛАИМӢ ВА ПАСТӢ

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Сифла табъи мор дорад, бехилоф,
Ҷаҳд кун, то рўи сифла нангарӣ!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Макун хештан саҳмгин, чоплус,
Ки баста бувад чоплус аз фусўс.
Абушакури Балхӣ

Дари оз бошад дили сифламард,
Ту бо сифлагон, то тавонӣ, магард!
Абулқосими Фирдавсӣ

Бадандешро хор натвон шумурд.
Абулқосими Фирдавсӣ

Фурўмоятар аз он кас набошад, ки касеро ба ў ҳоҷате бошад ва тавонад, ки раво кунад ва накунад.
Унсурулмаолии Кайковус

Аз гуруснагӣ мурдан беҳ, ки аз нони сифла сер шудан.
Унсурулмаолии Кайковус

Зи душман бадтар он касро ҳамебин,
Ки дар бад мар туро кардаст талқин.
Носири Хусрав

Мардуми сифла ба сони гурсуна гурба
Гоҳ бинолад ба зору гоҳ бичаррад.
Носири Хусрав

Бипарҳез, эй бародар, аз лаимон,
Бино кун хона дар кўи каримон!
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ