Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Кўтаҳназаронро набувад ҷуз ғами хеш,
Соҳибназаронро ғами бегонаву хеш.
Ба нодон магў гапи ҳақоиқ,
Ки ҳар гўш нест ба сухан лоиқ.
Кадом мараз аст, ки табиб ба илоҷи он фурў монад?
Ҳамоқат ва аблаҳӣ.
Доно донаду пурсад, нодон надонаду напурсад.
Ҳар ки аблаҳтар бувад, ба хештан некўгумонтар бошад.
Нодон сухан гўяду доно қиёс кунад.
Аз инъоми нодон дашноми доно беҳтар аст.
Ҷавоби аблаҳон хамўшист.
Ҷоҳилро бар олим баҳсе нест.
Нодон ба кори худ ҳайрон аст.
Нодонро зинда мадон.
Нодон адўи доност.
Кўрӣ беҳ аз нодонист.
Аз нодонӣ дармонӣ.
Дод аз дасти нодонӣ!
Ҷаҳл хоб асту илм бедорӣ.
6. БЕСАВОДӢ
Бад-он кас, ки ҷонаш зи дониш тиҳист,
Ситезиданат мояи аблаҳист.
Шокири Бухороӣ
Ба дониш шод гардӣ аз дилу ҷон,
Ки бедониш бувад ҷовид ҳайрон.
Носири Хусрав
Аз ин бедонишон бигсил ҳарифӣ,
Зарифонро талаб кун, гар зарифӣ!
Носири Хусрав
Ҷони беилм бенаво бошад,
Мурғи бепар на бар ҳаво бошад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Кори беилм бору бар надиҳад,
Тухми бемағз бас самар надиҳад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Дили беилм чашми бенур аст,
Марди нодон зи мардумӣ дур аст.
Рукниддини Авҳадӣ
Он кас, ки ба лавҳу хат напардохт,
Ҳаргиз сияҳ аз сафед нашнохт.
Бадриддин Ҳилолӣ
Марди беилм чист?! Ҳайвоне,
Ҷисми беҷон чу нақши айвоне.
На зи атвори дунявӣ воқиф,
На бар асрори ухравӣ ориф;
На хабар аз ҳақоиқи мавҷуд,
На асар аз дақоиқи мақсуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё