Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар он кас, ки ў пеша гирад дурўғ,
Ситамгорае хонамаш бефурўғ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар ҷуфт гардад забон бо дурўғ,
Нагирад зи бахти сипеҳрӣ фурўғ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Касеро, ки бошад забони дурўғ,
Чароғи дилашро набошад фурўғ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳар он кас, ки бо ту нагўяд дуруст,
Чунон дон, ки ў душмани ҷони туст!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳар он кас, ки ронад сухан бар гизоф,
Бувад бар сари анҷуман марди лоф.
Абулқосими Фирдавсӣ

Забон чарбгўёву дил пурдурўғ
Бари марди доно нагирад фурўғ.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба кажжӣ туро роҳ ториктар,
Суви ростӣ роҳ бориктар.
Абулқосими Фирдавсӣ

Маёмез бо мардуми кажжгўй,
Ки ўро набошад сухан ҷуз ба рўй.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба гирди дурўғ он ки гардад басе,
Аз ў рост бовар надорад касе.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба гетӣ намонад ҳамон марди лоф,
Ки бипроканад хоста бар гизоф.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳунар бояд аз коркарда, на лоф,
Ки бечора бошад худованди лоф.
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар дурўғи ту некўст, рост некўтар.
Абулқосими Унсурӣ

Бешармӣ набувад бадтар аз он, ки ба чизе даъво кунад, ки надонад ва он гоҳ дурўғгўй бошад.
Унсурулмаолии Кайковус

Дурўғи ба рост моно беҳ, ки рости ба дурўғ моно.
Унсурулмаолии Кайковус

Дурўғ озмудан зи бечорагист,
Нагўяд киро дар ҳунар борагист.
Дурўғ аз буна обрў бистурад,
Нагўяд дурўғ он, ки дорад хирад.
Асадии Тўсӣ

Забоне, ки бошад бурида зи ҷой,
Аз он беҳ, ки бошад дурўғозмой.
Асадии Тўсӣ

Дурўғу гизофа марон дар сахун,
Ба ҳар тундие, он чи хоҳӣ, макун!
Асадии Тўсӣ

Макун каззобро ҳаргиз каромат,
Ки аз каззоб дур афтад саломат.
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ