Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Сипаҳбад, ки ҷонаш гиромӣ бувад,
На пирўз гардад, на номӣ бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи марг ар битарсӣ, бинеҳ теғу тарг,
Ки ҷанг он кунад, к-ў натарсад зи марг.
Асадии Тўсӣ
Агарчи дузд бо сад даҳра бошад,
Чу бонгаш барзанӣ, безаҳра бошад.
Низомии Ганҷавӣ
Наёяд зи тарсандагон ҳеҷ кор.
Низомии Ганҷавӣ
Тарсон бувад марди кўтоҳбин.
Хусрави Деҳлавӣ
Якеро, ки дидӣ чу дар ҷанг пушт,
Бикуш, гар адў дар масофаш накушт.
Саъдии Шерозӣ
Диле, к-аз ҳайбати оҳе биларзад,
Бари соҳибдилон коҳе наярзад.
Бадриддин Ҳилолӣ
Хатар дар замона касе оганад,
Ки ў хештан дар хатар афканад.
Ҳар ки аз мухотира тарсад,
Ба дараҷаи бузургӣ нарасад.
Ҳаросанда мардум наярзад ба ҳеҷ.
Ҳар ки тарсид, мурд, ҳар ки натарсид, бурд.
Буздилро хатар ёр аст.
Тарс бародари марг аст.
Сад калоғро як санг.
Дили тарсандаро оҳу паланг аст.
Тарсончак чор чашм дорад.
Агар тарсӣ, яке ҳазор намояд.
Аз саг пурсиданд: «Чаро аккос мезанӣ?» Гуфт: «Метарсам».
- ХИЁНАТ
Зи чизи касон даст кўтоҳ кун,
Равонро сўи ростӣ роҳ кун!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба чизи касон даст ёзад касе,
Ки баҳра надорад зи дониш басе.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи хоин дур бош, эй дўст, ҳамвор,
Ки хоинро набошад дил ба як бор.
Носири Хусрав
Аз хиёнатгарист бадномӣ
В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.
Низомии Ганҷавӣ
Аз раият касе, ки мол рабуд,
Гил зи пай баргирифту бом андуд.
Саъдии Шерозӣ Ҳар ки хиёнат варзад, дасташ дар ҳисоб биларзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё