Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад,
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.
Гуҳар бе ҳунар зору хор асту суст,
Ба фарҳанг бошад равон тандуруст».
Абулқосими Фирдавсӣ
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.
Биёмўзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба дониш бувад мардро обрўй,
Ба бедонишӣ, то тавонӣ, мапўй!
Ба коре, ки зебо набошад, касе
Набояд, ки ёд оварад з-он басе,
Ки худро бад-он хира расво кунад
Ва гарчанд кирдори воло кунад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он мағз, к-ўро хирад равшан аст,
Зи дониш ба гирди танаш ҷавшан аст.
Кас онро набуррад, магар теғи марг,
Шавад мум аз он теғи пўлод тарг.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба дониш бувад ҷону дилро фурўғ,
Нигар, то нагардӣ ба гирди дурўғ.
Зи дониш дари бениёзӣ маҷўй,
Агарчанд аз ў сахтӣ ояд ба рўй.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он кас, ки дониш фаромуш кунад,
Забонро зи гуфтор хомуш кунад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё