Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
9.ҲУШЁРИВУ ЭҲТИЁТ
Далеру хирадманду ҳушёр бош,
Ба пос андарун сахт бедор бош!
Абулқосими Фирдавсӣ
Чӣ гуфт он сухангўи посухнийўш,
Ки девор дорад ба гуфтор гўш.
Абулқосими Фирдавсӣ
Нигаҳ дор бар хештан обрўй,
Макун бо фурўмоя ҳаргиз ҷадал!
Ки чун оҷиз оӣ, биранҷонадат,
Чунон ки бувад назди ома масал.
Носири Хусрав
Ба ҳар коре сари ришта нигаҳ дор,
Инон якборагӣ аз даст магзор!
Носири Хусрав
Ҳар ки накнад эҳтиёти корҳо,
Бар дилаш охир нишинад борҳо.
Фаридуддини Аттор
Посбони ту ҳушёрии туст.
Хусрави Деҳлавӣ
Дар кори хасм хуфта набошӣ ба ҳеҷ ҳол,
Зеро чароғи дузд бувад хоби посбон.
«Калила ва Димна»
10. ПАРҲЕЗ
Бипарҳез, то бад нагардад-т ном,
Ки бадном гетӣ набинад ба ком!
Абулқосими Фирдавсӣ
Бипарҳез, ҳар чи нокарданист,
Наёзор онро, ки н-озарданист!
Абулқосими Фирдавсӣ
Бипарҳез аз он марди носудманд,
Ки хезад аз ў ранҷу дарду газанд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шуморад.
Унсурулмаолии Кайковус
Агар нахоҳӣ ранҷ, аз гургон парҳез кун!
Носири Хусрав
Ҳазар кун з-он, ки душман гўяд: «Он кун!»,
Ки бар зону занӣ дасти тағобун.
Гарат роҳе наомад рост чун тир,
Аз ў баргарду роҳи дасти чап гир!
Саъдии Шерозӣ
Макун аъмоли бепарҳез пеша,
Дари парҳезкорӣ зан ҳамеша!
Ба саффи некномон шав камонгир,
Зи бадномон гурезон бош чун тир!
Хусрави Деҳлавӣ
Парҳез кун аз суҳбати паймоншиканон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё