Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҷавон гар ба дониш бувад беназир,
Ниёз оядаш ҳам ба гуфтори пир.
Низомии Ганҷавӣ
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ!
Фаридуддини Аттор
Зи тадбири пири куҳан бармагард,
Ки корозмуда бувад солх(в)ард!
Саъдии Шерозӣ
Чун пир шудӣ, зи кўдакӣ даст бидор,
Бозию зарофат ба ҷавонон бигузор!
Саъдии Шерозӣ
Тараби навҷавон зи пир маҷўй,
Ки дигар н-ояд оби рафта ба ҷўй.
Ҳофизи Шерозӣ
Он чи дар ойина ҷавон бинад,
Пир дар хишти хом он бинад.
Убайди Зоконӣ
Насиҳат гўш кун, ҷоно, ки аз ҷон дўсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳаме кун ба пирони бекас касӣ,
К-аз ин шева, донам, ба пирӣ расӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,
Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад.
Пирони куҳан бо таҷриба гўянд сухан,
Некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё