Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Он гўй, ки тоқати ҷавобаш дорӣ,
Гандум набарӣ ба хона, чун ҷав корӣ.
Саъдии Шерозӣ
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирўяд, ҷав зи ҷав.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки ба раҳ баҳри касе чоҳ кард,
Аз паи худ зери замин роҳ кард.
Хусрави Деҳлавӣ
Пунба киштӣ, тамаъ ба мош мадор,
Ҷав бикорӣ, адас наёрад бор.
Рукниддини Авҳадӣ
Аҳли олам ҳама кишоварзанд,
Ҳар чи коранд, ҳамон дараванд.
Ибни Ямин
Агар бад кунӣ, чашми некӣ мадор,
Ки гар хор корӣ, суман надравӣ!
Ибни Ямин
Дило, гўш кун аз ман ин нуктаи хуш,
Ки мондаст дар гўшам аз нуктадонон,
Ки « Ҳар к-ў кашад теғи номеҳрубонӣ,
Шавад куштаи теғи номеҳрубонон» .
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба кўҳ он чи гўӣ, ҷуз он нашнавӣ,
Ба хок он чи корӣ, ҷуз он надравӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҷав чу корӣ, ҳосили он кишта кай гандум бувад?!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Касе гар дар ҷаҳон кўбад дареро,
Дари ўро бикўбанд аз дигар ҷо.
Роғиби Самарқандӣ
Роҳро бад марав, ки бад афтӣ,
Чоҳ дар раҳ макан, ки худ афтӣ.
Камолиддини Биноӣ
Дастат гирад касе, ки гирӣ дасташ,
Музди ҳама даст ба даст аст ин ҷо.
Абдулқодири Бедил
Ҳар неку баде, ки дар китоб аст,
Бигзор ба ҳам, ки вақти хоб аст.
Агар сангӣ, он оҳан аз санг хост,
В-агар оҳанӣ, санг оҳанрабост.
Ҳар чи кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ
Кас накунад ба ҷои ту, он чи ба ҷои худ кунӣ.
Некӣ кунӣ, барои ту некӣ кунанд боз,
В-ар бад кунӣ, барои ту аз бад батар кунанд.
Дари касеро ангушт занӣ,
Дари туро мушт зананд.
Ҳар ки бадӣ кард, ба бад ёр шуд,
Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд.
Оқибат ҳар касе зи пасту баланд
Ба ҷазои амал шавад побанд.
Ба кирдори нек–сазои нек,
Ба кирдори бад–сазои бад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо