Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некў бувад ёдгор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ба осоишу некномӣ гарой,
Гурезон шав аз марди нопокрой!
Абулқосими Фирдавсӣ
Напояд ҷаҳон, эй бародар, ба кас,
Намонад ҷуз аз номи некўву бас.
Абулқосими Фирдавсӣ

Бипарҳез, то бад нагардад-т ном,
Ки бадном гетӣ набинад ба ком.
Абулқосими Фирдавсӣ

Кас наёбад ба ҳеҷ рўю наёфт,
Некномӣ ба зарқу ҳилаю фан.
Абулҳасани Фаррухӣ

Зи осонӣ наёяд шодкомӣ
Зи беранҷӣ наёяд некномӣ.
Фахриддини Гургонӣ
Тан аз ганҷи динор мафкан ба ранҷ,
Зи некию номи накў соз ганҷ!
Асадии Тўсӣ

Накўномӣ аз гетӣ онро сазост.
Ки кирдори ў хубу гуфтор рост.
Асадии Тўсӣ

На неконро бад афтодаст ҳаргиз.
На бадкирдорро фарҷоми некў.
Бадон рафтанду некон ҳам намонданд,
Чӣ монад? Номи зишту номи некў.
Саъдии Шерозӣ

Намирад, гар бимирад некноме,
Ки дар хайлаш бувад қоиммақомӣ.

пешина
аз 331
навбатӣ