Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Афзуние, ки хок шавад фардо,
Он, бегумон, камист, на афзунӣ.
Носири Хусрав
Ҳокими худ бошу ба дониш бисанҷ,
Ҳар чи кунӣ рост ба меъёри хеш.
Носири Хусрав
Чун зи дасти худ табар бар пои худ,
Худ пизишки хеш бош, эй дардманд!
Носири Хусрав
Чун ту касеро надиҳӣ зинҳор,
Халқ надоранд-т ба зинҳори хеш.
Носири Хусрав
Ҷамолу зеби доно кам нагардад,
Агарчандаш бипўшӣ дар ҷуволе.
Носири Хусрав
Кори хар аст хобу хур, эй нодон,
Бо хар ба хобу хур чӣ шавӣ ҳамсар?!
Носири Хусрав
Бозӣ макун, эй кабк, ғаливож биёмўз,
Зеро ки ба бозӣ нашавад кабк ғаливож.
Носири Хусрав
Абри сиёҳро ба ҳаво андар
Аз ғулғулаи сагон чӣ зиён?!
Носири Хусрав
Зи нодиданӣ чашмҳо кўр дор,
Зи беҳудаҳо гўш мадҳуш кун!
Носири Хусрав
Беҳ аз некў сухан чизе наёбӣ,
Ки аз доно барӣ бар расми пора.
Носири Хусрав
Бувад бо зиракон зиндон гулистон,
Чу зиндон аст бо ноаҳл бустон.
Носири Хусрав
То тавонистӣ, рабудӣ чун уқоб,
Чун шудӣ оҷиз, гирифтӣ каргасӣ.
Носири Хусрав
Ҳамон аст ў, гараш сад озмоӣ,
Ки н-ояд ҳаргиз аз гург ошноӣ.
Носири Хусрав
Гар туро гардан ниҳам аз баҳри мол,
Пас, хато кардаст лобуд модарам.
Носири Хусрав
Чу натвонӣ илоҷи дарди кас кард,
Маяфзой аз ҷафояш дард бар дард.
Носири Хусрав
Набошад айш бе ҳам дўстонро,
Чунон чун завқ бе гул бўстонро.
Носири Хусрав
Қатра-қатра ҷамъ гардад, он гаҳе дарё шавад.
Носири Хусрав
Бар хони жожхой манеҳ пой ҳаргиз.
Носири Хусрав
Кирдор бибояд-т ба андозаи гуфтор!
Носири Хусрав

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо