Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Одамӣ махфист дар зери забон.
Ҷалолиддини Румӣ

Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рўбаҳони мурдаро шерон кунад.
Ҷалолиддини Румӣ

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурўш аст ё пилавар?
Саъдии Шерозӣ

То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Саъдии Шерозӣ

Ба нутқ асту ақл одамизода фош,
Чу тўтӣ сухангўи нодон мабош!
Саъдии Шерозӣ

Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш,
Ба таҳсини нодону пиндори хеш!
Саъдии Шерозӣ

Сухан монад аз оқилон ёдгор!
Саъдии Шерозӣ

На ҳама гуфтор зи инсон хуш аст,
Ҳар чи писандида бувад, он хуш аст.
Хусрави Деҳлавӣ

Сухан андар даҳони дўст–гавҳар.
Ҳофизи Шерозӣ
Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад
Бадро зи накў, боз накўро зи накўтар.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сухан шоҳиди ҷилвагоҳи дил аст,
Халосӣ аз он ҷилвагаҳ мушкил аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сухан мояи сеҳру афсун бувад,
Ба тахсис, вақте ки мавзун бувад.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар чи ба дил ҳаст зи поку палид,
Дар сухан ояд асари он падид.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дил, ки лабташна ба оби сухан аст,
Пухтаву хому хароби сухан аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба сухан зинда шавад номи ҳама,
Ба сухан пухта шавад хоми ҳама.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Суханро зеваре ҷуз ростӣ нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сухан сардафтари девони ишқ аст,
Сухан ганҷинаи султони ишқ аст.
Зи дил файзе, ки ҷўӣ, ҷуз баён нест,
Забони теғ чун теғи забон нест.
Сухан зоҳир кунад сўзи ниҳонро,
Зи шамъи дил барафрўзад ҷаҳонро.
Бадриддини Ҳилолӣ

пешина
аз 331
навбатӣ