Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қавли матбўъ аз даруни сўзнок ояд, ки уд,
Чун ҳамесўзад, ҷаҳон аз вай муаттар мешавад.
Саъдии Шерозӣ

Гурба шер аст дар гирифтани муш,
Лек муш аст дар масофи паланг.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар куҷо чашмае бувад ширин,
Мардуму мурғу мўр гирд оянд.
Саъдии Шерозӣ

Кунун бояд ин мурғро пой баст,
На он дам, ки сарришта бурдат зи даст.
Саъдии Шерозӣ

Накунад ҳаргиз аҳли донишу дод
Дили мардум харобу ганҷ обод.
Саъдии Шерозӣ

Куҳанҷомаи хеш пиростан
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.
Саъдии Шерозӣ

Дили зинда ҳаргиз нагардад ҳалок,
Тани зиндадил гар бимирад, чӣ бок?!
Саъдии Шерозӣ

Ҳар гуноҳе, ки мекунад говон,
Соҳиби пода медиҳад товон.
Саъдии Шерозӣ

Чӣ донад хобноки масти махмур,
Ки шабро чун ба рўз овард ранҷур?!
Саъдии Шерозӣ
Шамъ, к-аз ҳад бадар бияфрўзӣ,
Бим бошад, ки хонумон сўзӣ.
Саъдии Шерозӣ

Занбўри дурушти бемурувватро гўй:
«Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!»
Саъдии Шерозӣ

Ҳар он оқил, ки бо Маҷнун нишинад,
Нагўяд ҷуз ҳадиси рўи Лайлӣ.
Саъдии Шерозӣ

Аблаҳе, к-ў рўзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад,
Зуд бошад, к-аш ба шаб равған набинад дар чароғ.
Саъдии Шерозӣ

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.
Саъдии Шерозӣ

Наёяд ба наздики дониш писанд
Ман осудаву дигаре пойбанд.
Саъдии Шерозӣ

Дарахте, ки акнун гирифтаст пой,
Ба нерўи марде дарояд зи ҷой.
Саъдии Шерозӣ

Аспи лоғармиён ба кор ояд
Рўзи майдон, на гови парворӣ.
Саъдии Шерозӣ

Хона аз пойбаст вайрон аст,
Хоҷа дар банди нақши айвон аст.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ