Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
На чандон дуруштӣ кун, ки аз ту сер шаванд ва на чандон нармӣ, ки бар ту далер гарданд.
Саъдии Шерозӣ
Муҳтасиб гар май хурад, маъзур дорад мастро.
Саъдии Шерозӣ
Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.
Саъдии Шерозӣ
На ҳар ки дар муҷодила чуст, дар муомила дуруст.
Саъдии Шерозӣ
Ба ҳалоки душман касе шодмонӣ кунад, ки аз ҳалоки хеш эмин бошад.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар чи дар дида накў намояд, ба дил фурў ояд.
Саъдии Шерозӣ
Лаззати ангур бева донад, на худованди мева.
Саъдии Шерозӣ
Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат ва илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат.
Саъдии Шерозӣ
Кас натавонад гирифт домани давлат ба зўр.
Саъдии Шерозӣ
Доман аз куҷо орам, ки пероҳан надорам?!
Саъдии Шерозӣ
Аз нафспарвар ҳунарварӣ наёяд ва беҳунар сарвариро нашояд.
Саъдии Шерозӣ
То тарёк аз Ироқ оварда шавад, моргазида мурда бошад.
Саъдии Шерозӣ
Дароз нест биёбоне, ки ҳаст поёнаш.
Саъдии Шерозӣ
Ғарқа дар баҳр чӣ андеша кунад тўфонро?!
Саъдии Шерозӣ
Мурғи ошиқ тарабангез бувад овозаш.
Саъдии Шерозӣ
То чӣ шаклӣ ту, дар оина ҳамон хоҳӣ дид.
Саъдии Шерозӣ
Ростии абрў дар каҷии он аст.
Саъдии Шерозӣ
Муши кўр нахоҳад, ки Офтоб барояд.
Саъдии Шерозӣ
Бувад ҳурмати ҳар кас аз хештан.
Саъдии Шерозӣ
Ман низ бар онам, ки ҳама халқ бар онанд.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар чи дер напояд, дилбастагиро нашояд.
Саъдии Шерозӣ
Ман онам, ки ман донам.
Саъдии Шерозӣ
Хубрўён кушодарў бошанд.
Саъдии Шерозӣ
Дуздон даст кўтаҳ накунанд, то дасташон кўтаҳ кунанд.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо