Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аспи роҳ аст, к-ў на фарбеҳу на лоғар аст.
Алишери Навоӣ

Мурғро чина бояду кўдакро шир.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Чаро ҷое қадам бояд ниҳодан,
Ки он ҷо бемаҳал бошад ситодан?
Бадриддин Ҳилолӣ

Шуд умр тамому нотамомем ҳанўз,
Сад бор бисўхтему хомем ҳанўз.
Бадриддин Ҳилолӣ
Ҳама корат ба қадри хеш бояд,
Зи қадри худ на кам, не беш бояд.
Бадриддин Ҳилолӣ

Бар зишт либоси хуб зишт аст.
Бадриддин Ҳилолӣ

Як бор агар биронӣ, сад бори дигар ояд.
Бадриддин Ҳилолӣ

Касе, к-аз чашми бад фарзанди худро пос медорад,
Ба фарзанди касон ҳаргиз ба чашми бад намебинад.
Соиби Табрезӣ

Ин нокасон, ки фахр бар аҷдод мекунанд,
Чун саг ба устухон дили худ шод мекунанд.
Соиби Табрезӣ

Ба чўи хештан ин об барнамегардад,
Баҳуш бош, ки аз чеҳраат обрў наравад.
Соиби Табрезӣ

Ба ғайр аз зиён нест дар худфурўшӣ,
Агар суд хоҳӣ, бибанд ин дуконро.
Соиби Табрезӣ

пешина
аз 331
навбатӣ