Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуфтанд:– Гар аз он ҳам бебаҳра бошад?
Гуфт:– Пас, мурдан илоҷи ўст.
Роғиби Самарқандӣ

Ҳар дида, ки ибрате нагирад, кўр аст,
Ҳар нуқл, ки лаззате набахшад, шўр аст.
Рахте, ки тағайюр напазирад, кафан аст,
Он хона, ки табдил наёбад, гўр аст.
Абдулқодири Бедил

Зоил аз зинат нагардад ҷавҳари мардонагӣ,
Қабзаи зар аз буриш монеъ нашуд шамшерро.
Абдулқодири Бедил

Исми ҳамсоягӣ ба ин шарт хуш аст, ки инҳо бояд бо сояи ҳам бошанд!
Абдулқодири Бедил

Ҷуз ба дасти ошно нафрўхт қассоб устухон.
Абдулқодири Бедил

Ба ғавғо мефурўшад, ҳар киро обест дар шираш.
Абдулқодири Бедил

Ҳар гуле, к-имсол омад дар назар, порина буд.
Абдулқодири Бедил

Чунон мабош, ки ташвиши дигарон бошӣ!
Абдулқодири Бедил

Қатра-қатра рафта-рафта мавҷи тўфон мешавад.
Зебуннисо

Хор агар посбони нахл набудӣ,
Бар забари нахл кас надидӣ хурмо.
Ҳабиби Қоонӣ

Гар накашад сурхгул ниқоб зи чеҳра,
Булбули мискин чӣ гуна баркашад ово?
Ҳабиби Қоонӣ

пешина
аз 331
навбатӣ