Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чаҳор чиз мардро табоҳ кунад: меҳтаронро–бахилӣ ва олимонро уҷб ва занонро бешармӣ ва мардонро дурўғ.


Чаҳор чиз бар ҳама халқ накўст: адолату ростӣ, ақлу хирад, сабру шикеб, ҳаёву шарм.


Чаҳор чиз чаҳор чиз оварад: хомўшӣ–роҳат, фозилӣ– малоҳат, саховат–меҳтарӣ, шукр–афзунӣ.


Се чиз нишони аблаҳист: уҷбу такаббур, бахилӣ, аз сифла умеди беҳӣ доштан.


Ба номуси мардумон назари бад макун, то ба номуси ту дигарон хаёли бад накунанд.


Гургро дўхтан бояд омўхт, ки ў худ даридан некў донад.


Ҳар чи дар чашмат хор ояд, нигаҳ дор, ки вақте ба кор ояд.


Дуто дарро, ки паҳлуи ҳам мегузоранд, барои ин аст, ки ба дарди ҳам бирасанд.


Бадтарини мардумон он бошад, ки мардумон аз ў парҳез кунанд.


Мутакаллимро то касе айб нагирад, суханаш салоҳ напазирад.


Некбахт касест, ки на аз мурдани касе шод шавад ва на касе аз мурдани ў шод гардад.

пешина
аз 331
навбатӣ