Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зулом--торикӣ; азоб, зулм.
Зуфт--бахил, мумсик, лаим.
Зуҳра--номи сайёра, ситора.

И
Ибтило--озмоиш, имтиҳон; гирифторӣ, бадбахтӣ.
Идбор--вожгунии бахту толеъ, идбор кардан--рўй гардондан,
помол кардан; идбор будан--ифлос, чиркин, касиф будан.
Идда--шумор, шумора; ҷамъият.
Из(з)—иззат, арҷмандӣ.
Икром--ҳурмат, иззат, эҳтиром, эҳсон, инъом.
Илло--ғайр, бе…
Илтиҳоб--гармӣ, сўзиш, афрўхтагӣ.
Имсок--хасисӣ, бахилӣ.
Инна чарха-л-лисонула ялтаму--забон назада захми ҳақиқӣ
мерасонад.
Инон—лаҷом, нўхта.
Интиқол--табдили макон, аз ҷое ба ҷое шудан; таҳсил,
муҳоҷирот.
Инфиол--шарм, ҳаё; расвоӣ, шармсорӣ.
Иродат--хоҳиш, майл, талаб.
Иртифоъ--баландӣ, афрохтагӣ, авҷ, фароғат.
Ирфон--маърифат.
Исмат--покдоманӣ.
Истимоъ--шунидан.
Итоб--таъна, маломат, сарзаниш.
Ифрот--бисёр, аз андоза берун.
Ифшо--ошкоргардида, фошшуда.
Ифшон--пароканда, мутафарриқ.
Ихтилот--омехта, дарҳамшуда.
Иқомат--бошишгоҳ, манзил.

К
К-ат--ки туро…
Кабаст--ниг. ҳанзал.
Кадхудоӣ--фармонравоӣ, хўҷаинӣ.
Каззоб—дурўғгўй, козиб.
Кайфар--ҷазо, подош; пушаймонӣ, ранҷ.
Кайӣ--подшоҳӣ.
Камин--дар ҷое пинҳонӣ дар қасди ҳамлаи ногаҳонӣ ба касе ё рабудани чизе нишастан.

пешина
аз 331
навбатӣ