Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лояъқил-- беақл, ҷоҳил, нодон.
Лоғ-- мазоҳ, масхара; ҳила, фиреб, макр.
Лоҷарам--бешубҳа, яқинан, ҳатман, ноилоҷ.
Лутф-- нармӣ, таваҷҷуҳ, меҳрубонӣ; шафқат, эҳсон.
Луҷоҷ-- арбада, ғавғо, низоъ.
Лўс—тамаллуқ; чоплусӣ, ҳила.
Лўълўъ-марворид.

М
Мадориҷ--дараҷаҳо, пояҳо, маротиб.
Мазаллат--роҳи гумшуда; бероҳӣ, гумроҳӣ.
Мазаррат--зиён, зарар, нуқсон; осеб, заҳмат.
Мазид--афзун, бисёр.
Мазраъ-- киштзор.
Макнун--пинҳонгашта.
Макрамат--ҷавонмардӣ, мардӣ, мурувват.
Макшуф--бепарда, кушода, ошкоро; фошшуда, зоҳиршуда.
Маллоҳ--киштибон.
Малоҳат--зебоӣ, дилрабоӣ, латофат, некўӣ.
Малул--озурда, дилгир, ғамгин.
Мамар(р)--ҷой, роҳи гузашт, аз роҳи…
Мамлук--банда, ғулом, асир, каниз.
Маниш—бузургӣ; табъ, ҳиммат, карам.
Манол--давлат, сарват, мол.
Мансуб--машҳур, маълум.
Мансур--ёрикардашуда, ҳимояткардашуда, паноҳ додашуда.
Маоиб-- ҷамъи айб.
Маонӣ--маъниҳо.
Марғазан--гўристон, қабристон.
Масдар--асл, бунёд, сарчашма, манбаъ.
Маскан--ҷойи истиқомат, хона.
Маснад--такягоҳ, мансаби калон.
Масоб--мусибатҳо, машаққатҳо, андўҳҳо, бадбахтҳо.
Масолеҳ—материал; маводи лозимӣ барои анҷоми коре,
махсусан сохтмон.
Масрур--шодмон, хушҳол, хуррам.
Масруф--сарфшуда, харҷшуда.
Мастурӣ--ниҳонӣ, пўшидагӣ.
Масъуд--саодатманд, некбахт, хуҷаста, фирўз.
Матар--борон.

пешина
аз 331
навбатӣ