Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷистафолӣ ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ ки бимирию нанолӣ, ишқ аст.
Умари Хайём
Гар ҳаме лаъл боядат, кон кан,
В-ар ҳаме ишқ боядат, ҷон кан!
Абдулмаҷди Саноӣ
Меҳр, к-аз иллате бувад, кин аст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Меҳр, к-аз ақл бувад, меҳр он аст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ҳар ки аз ишқ гашт зинда, намурд.
Абдулмаҷди Саноӣ
Гўянд, ки ҳар чиз ба ҳангом бувад хуш,
Эй ишқ, чӣ чизӣ, ки хушӣ дар ҳама ҳангом?!
Сўзании Самарқандӣ
Ту надонӣ, ки чист лаззати ишқ,
То ба ту ногаҳон фурў н-ояд.
Афзалиддини Хоқонӣ
Касе, к-аз ишқ холӣ шуд, фасурда-ст,
Гараш сад ҷон бувад, бе ишқ мурда-ст.
Низомии Ганҷавӣ
Ишқ он бошад, ки кам нагардад,
То бошад, аз ин қадам нагардад.
Низомии Ганҷавӣ
Агар бе ишқ будӣ ҷони одам,
Кӣ будӣ зинда дар даврони олам?
Низомии Ганҷавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё