Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Лекин ҳама кас ба он сазо нест,
Ҳар манзари хуб дилкушо нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳар он маъшуқ, к-аз ошиқ нуфур аст,
Ба сурат гарчи наздик аст, дур аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Чу набвад васли дилбар раъйи дилбар,
Бувад сад бор ҳаҷр аз васл хуштар.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ишқ ҳар ҷо, ки бех маҳкам кард,
Шох аз андуҳу мева аз ғам кард.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Хуштар ба ҷаҳон зи ошиқӣ чист?
Бе мояи ишқ чун тавон зист?
Ҳар к-ў ба ҷаҳон на ишқ варзид,
Пою сари ў ҷаве наарзид.
Шоҳини Шерозӣ
Ошиқ, ки зи сирри ишқ лол аст,
Хомўшии ў баёни ҳол аст.
Дар маслиҳати илоҷи ошиқ
Бемор шавад табиби ҳозиқ.
Маҳҷурии ошиқӣ балоест,
Побастаи ҳаҷр мубталоест.
Бадриддини Ҳилолӣ
Васле, ки ба зўри ҷанг бошад,
Номест, ки ҷумла нанг бошад.
Ошиқ, ки ба васл умедвор аст,
Побастаи қайди интизор аст.
Бадриддини Ҳилолӣ
Дарди сари ишқ андаке нест,
Маъшуқию ошиқӣ яке нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё