Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наштар хурӣ, ар бештар хурӣ ҳалво!
Афзалуддини Хоқонӣ

Ба дасти касон кони гавҳар макан,
Агар зиндаӣ, дасту пое бизан!
Низомии Ганҷавӣ

Он шуғл талаб зи рўйи ҳолат,
К-аз карда набошадат хиҷолат.
Низомии Ганҷавӣ

Кори пуркарда кай бувад душвор?!
Низомии Ганҷавӣ

Як замон кор аст, бигзору битоз,
Кори кўтаҳро макун бар худ дароз!
Ҷалолиддини Румӣ

Чун зи чоҳе меканӣ ҳар рўз хок,
Оқибат андаррасӣ дар оби пок.
Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар ки ранҷе бурд, ганҷе шуд падид.
Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар ки ҷидде кард, дар ҷидде расид…
Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар ки нон аз амали хеш хурад,
Миннат аз Ҳотами Тойӣ набарад!
Саъдии Шерозӣ

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.
Саъдии Шерозӣ
То ранҷ таҳаммул накунӣ, ганҷ набинӣ,
То шаб наравад, рўз падидор набошад.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар ки дона нафишонад ба зимистон дар хок,
Ноумедӣ бувад аз дахл ба тобистонаш.
Саъдии Шерозӣ

Ҷуз ба хирадманд мафармо амал,
Гарчи амал кори хирадманд нест.
Саъдии Шерозӣ

Мўр гирд оварад ба тобистон,
То фароғат бувад зимистонаш.
Саъдии Шерозӣ

Музд хоҳӣ, ба кор кардан кўш!
Саъдии Шерозӣ

Ҷаве баҳра кардан зи касби ҳалол
Беҳ аз ганҷ бурдан ба ғасби вабол.
Хусрави Деҳлавӣ

Касе, к-ў ангабин ҷўяд, чӣ бок аз неши занбўраш?!
Хусрави Деҳлавӣ

Кори халқеро ба тадбири ту бозандохтанд,
Чун ту худ тадбири кори худ намедонӣ, чӣ суд?
Рукниддини Авҳадӣ

Агар он ганҷи гарон металабӣ, ранҷ бибар,
Гул, мапиндор, ки бе заҳмати хоре бошад!
Рукниддини Авҳадӣ

Чун рўзгор ҳаст ба тасҳиф рўзи кор,
Пас, рўзи кор хонданаш беҳ, ки рўзгор.

пешина
аз 331
навбатӣ