Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Паси зону манишину ғами беҳуда махур,
Ки зи ғам хўрдани ту ризқ нагардад каму беш.
Ҳофизи Шерозӣ
Қадам бурун неҳ, агар майли ҷустуҷў дорӣ!
Ҳофизи Шерозӣ
Агар боғайратӣ ту, мард бошӣ,
Вагар беғайратӣ, номард бошӣ.
Убайди Зоконӣ
Бикўш, то ба каф орӣ калиди ганҷи вуҷуд,
Ки бе талаб натавон ёфт гавҳари мақсуд!
Камоли Хуҷандӣ
Ҳиммати ҷўянда ҳар чи буд, ҳамон ёфт.
Камоли Хуҷандӣ
Ҳаст ҳиммат чу мағзу кор чу пўст,
Кори ҳар кас ба қадри ҳиммати ўст.
Ҳиммати мард чун баланд бувад,
Дар ҳама кор арҷманд бувад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Кўшиш бикуниву ҳар чи битвон донист,
Донӣ, пас аз он ҳар чи надонӣ, бикунӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Чу варзиш нест бас мушкил бувад кор,
Чу варзиш шуд, набошад кор душвор.
Алишери Навоӣ
Инони азм ба ҳар ҷонибе, ки бартобӣ,
Макун ба дасти тараддуд инони худро суст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё