Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
- АҲДУ ВАФО
Вафо чун дарахте бувад мевадор,
Куҷо ҳар замоне нав ояд ба бор?!
Абулқосими Фирдавсӣ
Чӣ некўтар аз мо вафодор дўст?
Вафодорӣ аз дўстон бас накўст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар хоҳӣ, ки ба қавли ту кор кунанд, ба қавли худ кор кун!
Унсурулмаолии Кайковус
Макун қасди ҷафо, гар бовафоӣ,
Зи сагтабъӣ бувад гургошноӣ!
Носири Хусрав
Фикандан дўстӣ бо кас салим аст,
Вафо бурдан ба сар кори азим аст.
Носири Хусрав
Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст,
В-ар хеш ҷафо кунад, бадандеши ман аст.
Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст,
Вар нўш мухолифат кунад, неши ман аст.
Умари Хайём
Дасти вафо дар камари аҳд кун,
То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун!
Низомии Ганҷавӣ
Ҳар чи омад ба дасти марди карим,
Ҳама дар пои дўстон афшонд.
Он чи андўхт сифлатабъи лаим,
Баъди марг аз барои душман монд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё