Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Бетонкор кардан саҳлу осон аст. Ин тавр не, бародарон. Устоди ман гуфта буд, ки бетонкори ҳақиқӣ дар натиҷаи меҳнати доимии тӯлонӣ муяссар мегардад, яъне камаш понздаҳ сол дар ҳамин соҳа меҳнат кунад, баъд комилан гуфта метавонад, ки бетонкор шудааст.

  • Ҳамкорон, ман боз як бори дигар таъкид менамоям, ки мо, ҳамаамон ба якдигар баробарем. Бинобар ин бо ҳамдигар ҳамчун бо бародари худ муносибат карданамон даркор аст...

Чунин муомилай хубу самимии сардори бригада фарҷоми нек ба бор овард. Сабақомӯзӣ низ натиҷаҳои хуб доданд. Дар сабқати ҳармоҳа бригадаи бетонрезони Камол Ҳамсариев пешдаст гардид. Барои пирӯзиҳои заҳмат бетонрезон ба мукофоти пулию молӣ муваффақ шуданд.

Вақте ки натиҷаҳои солонаи кор ҷамъбаст гардид, бригадаи бетонрезони Камол Ҳамсариев ба парчами пирӯзии сабқат сазовор шуд. Роҳбари сохтмон Михаил Григореввич Карнос ин парчамро дар ҷаласаи умумии коргарон ба Камол Ҳамсариев супурд. Парчами пирӯзӣ то соли 1962 барои заҳмати сарсупурдагию ҷонфидоӣ насиби бригада буда, дар ин сол ду мошини ин нерӯгоҳи аввалини Вахш фаъол шуд. Дар ҳамин сол Камол Ҳамсариев низ бо медали «Меҳнати шуҷоатнок» сарфароз гардид. Ин нахустин мукофоти қаҳрамони меҳнат буд ва ӯ бо аъзои бригадааш ба ҷавлонгоҳи нави ҷавонӣ - ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак сафарбар шуд.

Ӯ бо ҳамкоронаш маслиҳат кард, ки субҳгоҳон ба роҳ мебароянд.

Сипас худаш мошинеро савор шуда, ба ҳавлии падархондаш рафт, ки пеш аз сафар дуо гирад. Усто Миршукурбобо ба Камол фотеҳа дода, ӯро ба оғӯш кашиду гуфт:

  • Писарам, роҳат сафед бод, охири қорат ид бод. Хонаи торики одамонро чароғон кардан босавобтарин кор аст. Илоҳӣ, тамоми умр роҳи ту нурборон бошад...
пешина
аз 216
навбатӣ