Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Карим дар бораи ин давраи ҳаёти падараш ҳикояти худро чунин идома медиҳад:
- Падарам ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак омада, бо аҳли бригадааш як соли тамоми дар хайма зиндагӣ мекунад. Сонӣ аз минтақаи Лангар ба ӯ хона доданд ва мо бо модарам кӯчидем. Дар ин вақт кӯчаҳои Норак пурлой ва сохтмони мағозаи «Гастроном»-и машҳури Норак ҳанӯз ба анҷом нарасида буд. Ман ҳамон соли ба Норак кӯчиданам дар синфи 5-ум таҳсил доштам. Аммо додарам Акрам ҳоло ба мактаб намерафт...
Дар сохтмони Неругоҳи Норак низ бригадаи бетонкорони Камол Ҳамсариев солҳо чирадасту пешқадам буд. Дар ин ҷо роҳҳои тӯлониро бетонпӯш карда, пойдеворҳои садҳо ва ҳазорон манзилҳои шаҳрро бо бетони қавию мустаҳкам бардоштанд, то ба тӯли садсолаҳо ба одамон хизмат намоянд.
Вақте ки бо қудрати инсон Вахшрӯд маҷрои худро тағйир дода, бо нақби сохтмон ҷорӣ гардид, ба Камол Ҳамсариев бахти бузурге насиб кард ва ҳамчун саркори ғолиби сабкати заҳмат дар пойдевори сарбанди 300-метра аввалин бетон гузошт. Ҳақиқатан ҳам ин хушбахтии беназири Камол буд. Ҳамон сол ӯ барои заҳмати қаҳрамонона ва фидокорӣ бо нишони Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд.
Усто Миршукурбобо инро аз рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» фаҳмида, барои табрик ба Норак, ба хонаи писархондаш омад.
Усто Миршукурбобо дар гирди дастархони писар ва ҳамроҳи набераҳо шоду хуррам менишасту ҳамон шоми тирагунро ба ёд меовард, ки Камолро дар сари сероҳаи тарафи Душанбе дида буд. «Чӣ хуб шуд, ки Камол ба суханонам гӯш карда, аз ақиби ман роҳӣ шуд ба ҳавлии мо омад. Бале, чӣ хуб шуд, ки омад. Вагарна, кӣ медонад, ки чӣ мешуд?..»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё