Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Яковлевич Ненахов дар тафреҳгоҳ Камол Ҳамсариевро хабар гирифта, ӯро ба Роғун даъват менамояд:

  • Сохтмони Неругоҳи Норак ба анҷом расид, акнун бояд муттаҳид шуда, Неругоҳи Роғунро бисозем. Таҷрибаатон ниҳоят калон аст, ин таҷрибаи худро барои Роғун сарф намоед. Шумо нишони Ленин доред, навбати Қаҳрамони меҳнат шуданатон дар пеш аст.

  • Муҳтарам Виктор Яковлевич, ҳадафи ман дар зиндагӣ қаҳрамон шудан нест, хизмат ба халқ аст. Ман дар ҳар минтақаи Тоҷикистони азиз оғози сохтмонро дӯст медорам! Ҳам дар Сарбанд, ҳам дар Норак корро аз сифр сар кардам, акнун дар Роғун ҳам корро аз сифр оғоз менамоям. Сохтмон чун оғоз шуд, як рӯз анҷом меёбад ва дар диёри мо ободие ба хизмати мардум омода мегардад. Барои ман ҳамин аз ҳама муҳимтар аст.

  • Ман аз шумо бисёр миннатдорам ва ба Роғун кӯчида омаданатонро бесаброна интизорам, - гуфт Ненахов вақти хайрбод.

Ба ҳамин минвол Камол Ҳамсариев ба Роғун кӯч баста, аз мардуми маҳаллӣ бригадаи бетонрезӣ тайёр мекунад.

Шогирди амаки Камол - Назрулло Гадоев нақл менамояд, ки бригадаи бетонрезӣ иборат аз ду звено буда, Ҳабиб Рафиев ва Гадоалӣ Саидов роҳбарони звеноҳо маҳсуб меёфтанд. Звеноҳо як ҳафта рӯзона кор мекарданду ҳафтаи дигар шабонгаҳ. Ман аз соли 1979 ба муддати шаш сол таҳти роҳбарии амаки Камол кор кардам. Мо бо роҳбарии Камол Ҳамсариев тамоми роҳҳои шаҳри Роғунро бетонпӯш карда, соҳилҳои дарёро таҳким намудем. Дар таъмири таълимгоҳҳо ва хонаҳои сокинон низ корҳои зиёдеро анҷом додем.

Амаки Камол бо ташаббуси худ дар Роғун ҷашни Наврӯзро баргузор намуд. Ӯ ҳамеша бо лафзи хуш корро

пешина
аз 216
навбатӣ