Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Оғоз мекард. Табиатан одами шӯх, хушсухан ва маҷрака-оро буд.

Сардори сохтмони Нерӯгоҳи Роғун Николай Григорович Савченков ба Камол Ҳамсариев барои хизматҳои барҷастааш мошини УАЗ-469 туҳфа кард.

Соли 1985 амаки Камол Ҳамсариев ба нафақа баромада, маро ба вазифаи сардори бригада пешниҳод намуд. Ва ман то ҳол дар Роғун сардори бригадаи бетонрезон мебошам, яъне ҳамон бригадае, ки Камол Ҳамсариев ташкил намуда буд, то имрӯз фаъолият дорад. Дар ин бригада понздаҳ нафар набераҳои амаки Камол меҳнат карда, анъанаҳои начиби бобояшонро понда медоранд.

БРИГАДАИ АВВАЛИНИ НАҚБКАНОН

Дар арафаи Соли нав, рӯзи ҳабдахуми декабри соли ду ҳазору сенздаҳум мулоқоти ғайриодии Директори генералии ҶСК НБО-и Роғун Сафарзода Хайрулло Амиралӣ бо аъзои бригадаи аввалини нақбкании комсомолону ҷавонон дар сохтмони ин нерӯгоҳ баргузор шуд.

  • Дар ҳақиқат ин бригада аз ҳисоби ҷавонони таҳамтани нерӯманд ва баору сарбаланд дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун нахустин будааст, - мулоқотро ифтитоҳ намуд Хайрулло Сафарзода ва аъзои он ба ҳамагон пайгоми иқтидороҳанг расонданд, ки тоҷикписарони бонанг ҳастанд ва онҳо баробари намояндагони дигар халқҳо вазифаи мушкилписанди нақбканиро анҷом дода метавонанд. Барои ин ҷасорату ғайрат ба шумо, ҷавонони деҳоти ноҳияи Файзобод имрӯз мо ҳазорон таҳсину офарин мегӯем! Зеро қариб сӣ сол қабл, дар замони ҷӯшу хурӯши кори ин сохтмони умумихалқӣ шумо дар канор наистодед, балки бригадаи худро ташкил додед ва дар зери замин, яъне дар минтақаи аз ҳама душвору вазнин бо меҳнати пурмашаққати нақбканӣ машғул гардидед. Аз мушкилот натарсидед,
пешина
аз 216
навбатӣ