Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ВОПАСИН УМЕДИ РАСТАГОРӢ

Дар рӯйи мизи корӣ бастаи рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Садои мардум»-ро бо эҳтиёт варақгардон мекунам. Бале, нашрияи парлумонии «Садои мардум»-ро, ки зодаи Истиқлолияти Ватан аст ва музаффариятҳои гаронқадри Истиқлолияту ваҳдатро бо ҷоннисорӣ ҳимоят намудааст. Биноан ин рӯзнома сарнавишти таърихӣ дошта, худ дар дамгоҳи оташи шадиди муборизаҳо тавлид гардидааст. Шумораи аввалини он якуми январи соли ҳазору нӯҳсаду наваду як ба табъ расида буд.

Рӯзҳо ба мисли селаи турнаҳо сипарӣ гашта, аксҳои онон дар авроқи рӯзнома нақш бастаанд. Ин шумораҳо си сол қабл интишор ёфтаанд ва саҳифаҳои он аллакай зардрангу фарсуда метобанд. Рӯзномаро варақ мезанаму симоҳои ҳамкорон аз байни маводи рангоранги саҳифаҳо пеши назарам гӯё падид меоянд. Сармуҳаррири нахустини рӯзнома инсони ниҳоят наҷиб, олими варзида, рӯзноманигори забардаст, тарҷумони тавоно, вакили мардумӣ Муродуллоҳ Шерализода аз тарафи вакилони халқ ба ин вазифа интихоб гардида буд. Муовинони сармуҳаррир Мирзомаҳмуд Мирбобозода, Додоҷон Раҷабӣ, котиби масъул Шариф Ҳамдампур (сонӣ ӯ низ муовини сармуҳаррир таъйин шуд), мудирони шуъбаҳо, ходимон фаъолият доштанд...

Вақте ки митингнишинӣ дар майдонҳои шаҳри Душанбе шиддатнок шуд, ин ҳолат қабл аз ҳама ба кори рӯзномаи «Садои мардум» таъсири манфие расонд. Чаҳоруми майи соли наваду ду дар ҷаридаи «Ҷавонони Тоҷикистон» эътирозномаи як гурӯҳ кормандони рӯзномаи «Садои мардум» бар зидди сармуҳаррир Муродуллоҳ Шерализода чоп шуд. Ин гурӯҳ иддао доштанд, ки рӯзнома фақат ба майдони «Озодӣ» таваҷҷуҳ менамояду дар бораи майдони «Шаҳидон» хабару гузоришҳо чоп намекунад. Чӣ эътирози беасосу

пешина
аз 216
навбатӣ