Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
бебунёд! «Садои мардум» нашрияи парлумонӣ, яъне давлатӣ ва азони Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Ононе, ки дар майдони «Шаҳидон» гирд омадаанд, як тӯдаи беному бемаром буда, бар зидди давлату ҳукумат ибрози ақида менамуданд. Пас ба кадом васила ҳарфу ҳиҷои ин тоифаро тавассути саҳафоти нашрияи парлумонии давлат интишор додан мумкин аст. Маълум аст, ки ин ҳаргиз имкон надорад. Имрӯз халқ ба ёваю кизби кадом хабисе разил дар майдонҳои гуногун ба ҷабҳаҳои мутаззод гирд омадааст ва мутаассиф, ки ин ақидаи шайтанатпеша ба иддае кормандони рӯзномаи «Садои мардум» низ асар кардааст.
Муродуллоҳ Шерализода ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» саропо фидой ва садоқатманди кори ин халқу Ватан ҳисоб меёфт ва ин эътирози ҷудоихоҳнаи як гурӯҳ тобеон бароиш хеле оҳанги номатлубе дошт. Сармуҳаррири донишманд ва соҳибтадбир ба муовини аввали худ Мирзомаҳмуд Мирбобозода таъкид намуд:
- Маводи рӯзномаро дақиқан аз назар гузаронед, ҳаргиз ягон хабару мақолаи иғвогарона ҷой нагирад. Баъд аз анҷоми иҷлосияи имрӯза ман ба идора меоям. Ва, албатта, эътирозномаи ҳамкоронро муҳокима мекунем! Ҳатман!
Вале ҳазорон таассуф, ки сармуҳаррири муҳтарам ва арҷманди мо Муродуллоҳ Шерализода ба идораи рӯзнома дигар наомаданд...
Соати 10-и субҳи ҳамон рӯз, яъне 5-уми май бояд ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор мегардид. Аммо гурӯҳе аз вакилони манфиатҷӯ ҳозир нашуданд. Дар майдон гаштугузор доштанд. Соати оғози ҷаласа одатан бар амсоли чунин рӯзҳо аввал ба соати 11, баъдан ба 12, 14 ва ниҳоят ба соати 15 гузаронида шуда, ба ҳамин минвол шурӯъи кори парлумон тӯл кашидан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё