Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ин дам Муродуллоҳ Шерализода бо шиддат қадам ниҳода, ба минбар мебарояд. (Инро ҳамкоронамон, ки ҳамон рӯз барои инъикоси ҷаласаи Шӯрои Олӣ навбатдор буданд, сонияе дар идораи рӯзнома ба мо ҳикоят намуданд). Роҳбарамон бисёр забондон ва нотиқ буданд. Банда аз солҳои дар кишвари Афғонистон ба сифати тарҷумон кор карданашон ҳам огоҳӣ доштам, ки Муродуллоҳ Шерализода забонҳои модарӣ — тоҷикӣ (дарӣ) ва русиро хеле хуб медонист ва дар ҷаласаҳои мутахассисон доир ба масоили муҳиму мубрами рӯз баромадҳо ва суханрониҳои пурмаъно менамуд...
Муродуллоҳ Шерализода ҳамон рӯзи охирин аз минбари парлумон як гурӯҳ вакилонро мушаххасан зери танқиди шадид гирифтааст, ки нӯшу неъмати давлатро беинсофона мустаъмал менамоянду ба ҳадди гӯшношунид коршикан ҳастанд. Хонумҳояшон мошинҳои хизматиро доимо истифода мебаранд. Ба суханони ҳақку ҳалоли ӯ касе чизе гуфтан натавонист. Аслан ягон кас интизор набуд, ки Муродуллоҳи ниҳоят ҳалиму мулоҳизакор ҳамон рӯз ба чунин тундӣ ва оташинмиҷозӣ сухан мегӯяд ва иддае вакилони ҳамроҳхӯру хиёнатпешаро нотарсона фош месозад.
Ҳангоми танаффуси ҷаласа буд, ки ба ҳавлии парлумони мамлакат як теъдод захмиёни минтақаи «Оли Совет»-ро интиқол доданд. Инҳо намояндагони майдони «Озодӣ» буданд, ки ба тарафи водии Кӯлоб мерафтанд. Аз ин хабари ниҳоят нохуш шӯру гиреви ширкаткунандагони майдони «Озодӣ» зилзила бар замину осмонҳо фиканд.
Тибқи маълумоти навбатдорони парлумонии рӯзнома аз ин воқеаи ҷонсӯз Муродуллоҳ ниҳоят мутаассиру ғамгин гардидааст.
- Барои миллати мо ин оғози даҳшатноки ҷанги бародаркуш аст, - гуфтааст Шерализода ба ҳамсуҳбати худ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё