Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Насимҷонро ба хона меорам. Минбаъд агар хизмат кунем, дар сафи қувваҳои мусаллаҳи худамон хизмат менамоем.

  • Бачам, ба ҷойҳои дур нарав, саргардон нашав. Уқот, Насимҷон дар мактубаш бо аскарбачаҳо нағз хизмат карда гаштанашро навиштааст, - ҷавоб додааст Зубайда-хола.

  • Не, очаҷон, ман меравам, додарамро меорам. Аз ноҳияи Шаҳритус якчанд нафарро медонам, ки фарзандонашонро овардаанд.

Насим дар рӯзи дуюми ба хона баргаштанаш бо дӯстони айёми хурдсолиаш - Баҳром ва Рустам мулоқот карда, ҳамроҳ ба тамошои маркази ноҳия мераванд. Дар ҳамин вақт ба маркази ноҳия як гурӯҳ одамони мусаллаҳ меоянд ва хурду калони ба корҳои худ машғулро ба муҳосира мегиранду сипас ба мошинҳо бор карда, ба самти хилватгоҳи соҳили дарёи Кофарниҳон мебаранд. Дар ин ҷо ғасибони мухолиф одамони бегуноҳро ҳадами тир месозанд. Насим Чоршанбиев, ки як рӯз қабл ҳамроҳи бародараш аз хизмати аскарӣ рухсат шуда омада буд, бо дӯстони меҳрубонаш Баҳром ва Рустам шаҳид мегардад.

Зубайда-хола, ки ҳоло бо ҷигарбанди азизаш аз таҳти дил суҳбат ҳам накарда буд, баъди ин пироҳани кабуд ба бар намуд:

  • Насимҷонам, ба хона аз барои кушта шудан омадай, вой балам, ҷон балам, - фиғон дошт модари бечора.

Баъди якчанд рӯз вақте ки ҷасадҳои дӯстон - Насим, Баҳром ва Рустамро аз як чоҳи дарёхона пайдо намуданд, маълум гашт, ки соати дасти Баҳром ҳанӯз дар гардиш будааст...

Мувофиқи маълумоти ситоди Ҷабҳаи халқии ноҳияи Шаҳритус аз тарафи мухолифини хунхор ба тӯли як ҳафта ҷамъан 305 нафар сокинони бегуноҳи ин ҷо ба қатл расонида шудаанд...

пешина
аз 216
навбатӣ