Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

қатли касе шамшер кашида, бар рехтани хуни худат қасд мекунӣ. Ҳар бадхоҳе, ки бар зидди шахси дигаре ҳаракати ботиле мекунад, аввал бояд дар сари ин андеша намояд. Чаро мекушӣ, эй қотил?! Магар мехоҳӣ, ки худат ҳам маҳв шавӣ, бигзар аз ин қасди ботил!

Имрӯз душманони хуношоми тоҷикон дар дохилу хориҷи кишвар бисёранд. Ин тоифаи касиф намехоҳанд, ки давлати тоҷикон пойдору бобақо бошад. Биноан иддае аз мансабхоҳон, ҷоҳталабон, ҳасудони тирамағзро бар сарамон шӯр ангехта, ҷумҳурии гулистони моро ба хористон табдил доданианду мардумони бечораю бенаворо овораи дар ба дару хок ба сар кардаанд. Эй тоҷики бахтбаргашта, эй бародару хоҳари ҳамхуни ман, наход инро дарк насозӣ?! То чанд гирифтори дасисаи душманони аҷнабию дохилии кишвар бошӣ? Ба худ оӣ ва аз шарри шайтони раҷим бипархез! Акнун вақти он аст, ки бар шайтони малъун санги наҳрат биборӣ!

Мо ҳамагон дар ин ҷумҳурии кӯчаки худ ба ҳам хешу таборем. Чун чашми хирад боз кунем, кӯлобию гармӣ, бадахшонию хуҷандӣ, истаравшанию зарафшонӣ, ҳисорию ёвонӣ, кубодиёнию мурғобӣ, дарвозию масчоҳӣ... ба ҳам хешу пайванд ҳастем. Ин риштаҳои хешию пайвандии мо ба тору пуди ҳамдигар сахту маҳкам печидааст, ки онҳоро ба таври сунъӣ аз якдигар гусастан наметавон.

Агар дар рагҳои мо қатрае аз хуни бузургони хирадмандҷон шараён дошта бошад, имрӯз бояд ҳамагонӣ дар маҳфили ваҳдати миллӣ ҷамъ шавем. Сарнавишти миллатамон, тақдири Истиқлол ва якпорчагии Ватани маҳбубро бо иродаи худамон наҷот бахшем. Рӯзи 16 ноябри соли 1992 бояд Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон гардад. Ягона ва охирин роҳи растагорӣ ва наҷоти миллати тоҷик ҳамин аст!..»

Дар зиндагӣ воқеаҳои оламшумуле рух медиҳанд, ки навиди фаро расидани он низ ба дилҳо як навъ таскин,

пешина
аз 216
навбатӣ