Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
оромӣ ва аз ҳама муҳимаш умедворӣ, нури қудратмандӣ мебахшад. Пас аз воқеаҳои шадиди бархӯрдҳои бемаънӣ баргузор шудани Иҷлосияи наҷотбахши Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди бостон ба чунин як нуру неруи масарратбахши Кирдгор бадал гардид. Дар арафаи ҳамин воқеаи таърихӣ саропойи кишвар, куллияи шаҳру навоҳию рустоҳо, муассисаю коргоҳҳо, хосатан идораҳои фарҳангию маърифат, ниҳодҳои одамон мамлуи як қувваи ноаён, лекин ниҳоят бузурги умедворӣ, рӯҳбаландӣ, бахшояндаи нур ва сурур гашта буд. Одамон ба истибсори ботинии ин неруи бузурги нур ва сурури осмонии қаламрави мамлақатро эҳсос менамуданд.
Ин нур ва сурури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар рӯзи аввали якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон бидуни ҳеҷ дастуру маслиҳати пешакӣ эълон намуданд: «Оташи ҷанги хонумонсӯзи бародаркушро хомӯш мекунам! Муҳоҷирони иҷбории сарсону саргардони Ватанро ба ҷойҳои муқимиашон бармегардонам! То як нафар мондани муҳоҷирин ором намегирам».
Ин суханронии нахустини Роҳбари ҷавони давлати тоҷикон буд, дар ин лаҳзаҳо он кас мушовир ва ёвар надоштанд. Ҳамроҳи дигар вакилон дар толор нишаста буданд, ҳангоме ки вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона интихоб намуданд, он кас аз минбари муборак барномаи аввалини давлатдории худро аз умқи дилашон изҳор карданд. Он чи ки дар дил доштанд, он ҳамаро гуфтанд. Ҷавҳари ин барномаи аввалини давлатдории Роҳбари ҷавони халқи тоҷик қатъи ҷанг ва ба мулку макони аслии хеш овардани муҳоҷирони иҷборӣ буд, ки ҳалли ин ду муаммои муҳимтарин ба аҳли толор ниҳоят писанд омад ва онҳо қафкӯбии бардавом карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё