Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

дар замони шӯравӣ барвақт анҷом додан имкон дошт, зеро дар ҳамон давр ҳама аҳамияти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ғайраро молик буд. Лекин бо кадом иллате оғози сохтмони онро ба дарозо кашиданд ва оқибат бо шурӯъ гардидани нобасомониҳои оғози солҳои навадум билкулл қатъ намуданд.

Сарвари давлат бо ғайурӣ ва ҷасорати хоси худашон сохтмони нақби Анзобро ҳамагӣ ду сол баъди ба имзо расидани санади сулҳи тоҷикон шурӯъ карданд. Дар он айём ҳанӯз иқтисоди ҷумҳурӣ ҳоли заъфе дошт. Васоити техникии аз замони шӯравӣ мерос монда, чандон муқтадир набуд, нақбканон маошашонро мунтазам намегирифтанд. Вале онҳо ҳам аз самти шимол, ҳам аз самти ҷануби нақб Президенти ҷавони ҷасури мамлақатро дар паҳлуяшон дида, бо ҷӯшу ғайрати бесобиқа заҳмати зиёд мекарданд, то Ватани азизамон обод бошад. Нақбканон бо дидани Сардори давлат ба ояндаи нек дилпур буданд.

Дар ҳамон даврон ба ин сохтмон ба ёрӣ омадани бародарони эронӣ низ ба ваҷҳи соҳибтадбирию мудаббирии Роҳбари давлат амалӣ гардид.

Боре ман ба назди бинокорони ин сохтмони муҳташам сафари хизматӣ намудам. Пас аз ошной бо кори пурзаҳмати нақбканон шомгоҳ дар ошхонаи меҳмонсарои багали кӯҳи Анзоб ҳамроҳи мутахассисин ва муҳандисини тоҷику эронӣ чой нӯшида, суҳбат доштем.

Дар ёдам ҳаст, ки яке аз муҳандисини эронӣ дар ҳамон суҳбат чунин гуфт:

  • Мо дар тамоми ҷамоҳири Осиёи Миёна – Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон сафар намудем ва дидем, ки дар он кишварҳо корхонаҷот, роҳу пулҳо, фабрику заводҳо хеле зиёданд. Маълум мешавад, ки онҳо дар замони ҳукмронии шӯравӣ барои ободонии мамолики худ кӯшиши бисёр кардаанд. Вале роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободии Ватанашон камтар
пешина
аз 216
навбатӣ