Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

сайъ намудаанд. Яъне шумо нисбат ба ин ҷумҳуриҳо хеле қафо мондаед.

Мо, тоҷикон, ки дар он маҳфил ҳузур доштем, аз ин гуфтаҳои барҳақ мутаАССИР гардидем.

Сониян ба ин суханони бародари эронӣ яке аз муҳандисони тоҷик чунин посух дод:

  • Акнун ин ақибмониро Роҳбари донишманди мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф хоҳанд кард.

  • Худо кунад, ки чунин шавад, - ҳамовозӣ намуд бародари эронӣ...

Имрӯз шукрона мегӯем, ки он пешгӯии муҳандиси тоҷик ба воқеият табдил ёфтан дорад.

Дар кишвари мо ағбаи Анзоб (эрониён «гарданаи Анзоб» мегӯянд) ва гирду атрофи он хосатан дар фасли зимистон хатарноктарин роҳи убуру мурур ҳисоб меёфт. Ягон соле набуд, ки аз ин роҳ хабари фоҷиавӣ нашунавем. Ҳазорон афсӯс, ки ҳангоми сафар одамон нобуд мешуданд. Ҳусусан дар наздикии минтақаи Майхӯра, саҳеҳтараш аз гардиши васли рӯди Сиёма ба рӯди Варзоб то Майхӯра ҳар сол то даҳ-дувоздаҳ нафар мусофирон зери тарма монда, ҷон ба Ҷонофарин месупориданд. Барои ҳамин даҳшат мардум ин қитъаи ваҳим ва пуртаҳлукаро аз замони пешин Нови мурдаҳо номидаанд. Ҳар кас агар фасли зимистону вақти барфрезӣ аз ин ҷо мегузашт, яқинан аз тармаю шамоли сарди шадид ба ҳалокат мерасид. Зеро кӯҳҳои ду тараф дараро танг карда буданд, бинобар ин тарма аз ду самт бо даҳшат фурӯ мерехту ба роҳгузар ҳеҷ ҷойи халосӣ намемонд.

Ба тӯли ҳафтод соли шӯравӣ ҳамин роҳи маҳуфро хурду калон - ҳамагон медонистанд ва аз фоҷиаҳо воқиф буданд, аммо афсӯс мегуфтанду мемонданд. Аз роҳбарони ҳафтод соли ҳукмронии шӯравӣ касе ҷуръат намуда, ин хавфу хатари даҳшатангезро бартараф накард.

пешина
аз 216
навбатӣ