Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
сокинони ин ноҳияи дурдаст ва баландкӯҳ боз ҳам душвортар гардида буд. Зеро ҳамон вақт аз маркази кишвар ба мардуми ин мулку макон ҳеҷ ёрию мадад намерасид. Лекин аҳолии ноҳия душвориҳоро пушти сар карда, ҳаргиз ноумед намешуд ва боварӣ дошт, ки оқибат сулҳу оромӣ барқарор мегардаду ҳукумати марказӣ ба ёрӣ меояд. Ҳақиқатан ҳам бо ташрифи Сарвари доно, ҷасур, олиҳиммат ва ҳирадманди давлатамон, хушбахтона, чунин рӯз фаро расид. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурат ва муҳимии тараққиёти хоҷагии халқи ин минтақаро афзал шумурда, бо вуҷуди пуркориашон соли 1995 бори аввал ба Мурғоб сафар намуданд. Дар дашти Аличур бо сабаби бад шудани вазъияти обу ҳаво чархболи Сарвари давлат ногузир ба замин фуруд меояд. Ва Президент тавассути мошинҳои шахсӣ минтақаи душворгузарро тай намуда, ба маркази ноҳияи Мурғоб, ба назди мардум, ки интизораш буданд, ташриф фармуданд. Сокинони ноҳия Сарвари давлат, фарзанди барӯманди миллатро бо рӯҳбаландӣ ва эҳтироми бузург пешвоз гирифтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари аввалинашон заруртарин муамморо ҳал карданд, ки ин гарм намудани беморхонаҳо, боғҷаю мактабҳо, хонаҳои мардум ва идораҳои давлатӣ буд. Бо супориши Сардори давлат барои ҳалли ин масъала маблағ ҷудо карда шуд ва бо ҳамин маблағ ангишт ва дигар маводи сӯхт харидорӣ гардида, одамон аз мушкилот раҳоӣ ёфтанд. Воқеан зимистони Мурғоб баробари манотиқи шимоли дури Русия буда, сардии ҳаво ба манфӣ 50 мефарояду аз он ҳам сардтар мегардад ва зарур аст, ки тақрибан соле даҳ моҳ утоқҳои истиқоматӣ гарм карда шаванд.
Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафари дуюмашон аз шароити душвори пиронсолони ноҳия огоҳ гардида, бо амри худ ҳаҷми нафақаи солхӯрдагони Мурғобро 2,5 баробар афзун намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё