Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Вале Роҳбари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дудмони аслзодагону фарзонагон ҳастанд, ин кори шарофатмандонаро дар солҳои аввали давлатдориашон анҷом доданд. Алҳол мусофирин дар байни Дашти Кабудаи рӯди Сиёмаю Майхӯра аз якчанд нақбҳо мегузаранд. Маҳз ҳамин нақбҳо роҳгузаронро аз тармаҳои бо лою санги бисёртоннагӣ аз қуллаҳои кӯҳ фурӯрез ҳифз менамоянду наҷот мебахшанд. Лоиҳаи нақби Анзоб дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шуда, аммо сохтмони ин нақбҳои алайҳи тарма дар он ҷо зикр наёфта буд. Ин нақбҳои наҷотбахш маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъмор гардидаанд. Зеро Барномаи давлатсозии Президенти мамлакат, тавре ки гуфтем, бар ду шахсутуни пуркудрат устувор аст: Ҷасорат ва Ғамхорӣ! Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат воқеан ҳам Роҳбари ниҳоят ҷасур, далер, шуҷоатманд ва ғамхори халқ, парастори ятимон, барҷомондагон, пиронсолон ва хурду калон мебошанд...

Тавре ки сокинони солхӯрдаи ноҳияи Мурғоб ҳикоя мекунанд, дар замони ҳокимияти шӯравӣ аз ашхоси рутбааввали ҷумҳурӣ фақат як кас – роҳбари фидокори тоҷикон, шодравон, котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев тобистони соли 1960 ба Мурғоб омада, ба ҳаллу фасли муаммоҳои ноҳия иқдом варзида шудааст.

Дар давраи фақат беш аз даҳ соли аввали Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб се маротиба сафар намудаанд. Ҳар як сафари Сарвари давлатамон ба ноҳияи Мурғоб хеле муҳим, таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ҳисоб меёбад. Дар ин сафарҳо Роҳбари давлат масоили муҳимтарини ва зарутарини рӯзгори мардумро ҳаллу фасл намудаанд.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба амал омадани нобасомониҳо дар ҷумҳуриамон шароити зиндагии

пешина
аз 216
навбатӣ