Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Эмомалӣ Раҳмон шахсиятҳои зайл зимомдорони кишвар будаанд: Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Дмитрий Протопопов, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов.

Албатта, дар солҳои роҳбарии панҷ нафари аввал имконияти сохтому ободонӣ хеле ночиз буд, ин фаҳмост. Лекин замони панҷ нафари охирро бо даврони бист соли ҳукуматдорию давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқоиса намоем, тафовут аз замин то осмон аст! Саҳми Ҷаноби Олӣ, Роҳбари ҳақиқатан соҳибнубуғ Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии кишвар беназир аст.

Посухи муҳандиси тоҷик комилан саҳеҳ аст. Дар ҳақиқат Роҳбари донишманд, ҷасур ва ғамхори тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ақибмонии ҳафтодсолаи шӯравиро дар Тоҷикистони азиз ба зудтарин фурсат бартараф карданд!

ОҒОЗИ БАРНОМАИ ДАВЛАТСОЗӢ

Ифтихормандам, ки соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси эътимодноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам.

Соли як ҳазору нуҳсаду шасту нӯҳ ба кишвари Афғонистон сафар намуда, дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ - Мазори Шариф - Шибиргон ва Мазори Шариф - Ҳайратон (рӯ ба рӯи шаҳри Тирмиз) тарҷумон будам. Он вақт ин мамлакати хеле қафомонда молу амволро дар роҳҳои қачу килеб ва серчангу пурлой бо қофилаи маркабу аспу шутур интиқол менамуд. Давлати Шӯравӣ дар Афғонистон умуроти фавқулоддаи ободониро анҷом дода, роҳҳои замонавии асфалтпӯш эъмор кард ва тамоми марказҳои вилоятро бо ҳамдигар ва ба пойтахти кишвар васл намуд.

пешина
аз 216
навбатӣ