Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар вазифаи Сардори давлат буд. Ва ин баёнот дар ҷисму ҷони сокинони ҷумҳурӣ як шуълаи умедро мунаввар сохтанд. Одамон аз садоҳои ҷонсӯзи тирҳои оташафрӯз безор шуда буданду ҳамакнун ба ҳар як ҳарфу амали Роҳбари содиқу ҷасуру ғайратманди Тоҷикистон бо умедворӣ менигаристанд.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани Барномаи аввалини давлатсозии худ на рӯз ором мегирифтанду на шаб. Хусусан ба минтақаҳои аз лиҳози ҳарбӣ хатарноки ҳамонвақтай ҷумҳурӣ ва кишвари Афғонистон сафар намудани Пешвои муаззами миллат ҷасорату қаҳрамонии беназир аст. Мулоқоту гуфтугузорҳо бо роҳбарони мухолифин дар рустоҳои хавфнок, муроҷиатҳо тавассути телевизион ва радиои кишвари ҳамсоя ба муҳоҷирин, ки зудтар ба Ватан, ба ҷойҳои муқимии хеш бозгарданд, дар натиҷаи кӯшишҳои доимии Роҳбари давлат анҷом меёфтанд. Кулли ин ҷаҳду талошҳо, ҷоннисориҳою фидокориҳо барои он буданд, ки халқи ҷумҳурии азиз ғарибу бенаво набошад ва аз ҳама муҳимаш он ҳисоб меёфт, ки падарону модарон, бародарону хоҳарон ва писарону духтаракон овораю бечора нашаванд ва озурдаю таҳқир нагарданд.

«Падарону модарон, бародарону хоҳарон, ба Ватан баргардед, мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, лекин як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем ва Тоҷикистони азизамонро ҳамроҳ обод менамоем. Ба Ватан баргардед, мо шуморо интизорем!» - нидо мекарданд Сардори давлат.

Вақте ки ман ин суханони самимию таъсирбахшро дар дил як бор такрор менамоям, пеши назарам чеҳраҳои пажмурдаи ғарибони солҳои бистуму сиюми қарни гузашта ҷилвагар мешаванд. Ба он бечораҳо ҳеҷ вақт касе чунин муроҷиат нанамуда буд ва онҳо ин меҳрубониҳоро эҳсос накарда, ба ёди Ватан бо дилҳои доғ ва ҷигарҳои бирён чашм аз ин ҷаҳон пӯшидаанд...

пешина
аз 216
навбатӣ