Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
куллан омӯхт ва маълумоти мукаммале андӯхт. Ба ин ваҷҳ тасмим гирифт, ки аз наздик дидани ин минтақа, яъне сохтмони садди сойи Оби Шӯрро ба дарозо накашад, ҳарчанд ки он рӯзҳо корҳояш фавқулода зиёд буданд (албатта, ҳоло ҳам шуғлаш кам нестанд). Дар сохтмони сад бо муҳандиси «ЧеркейГЭСстрой»-и Ҷумҳурии Доғистони кишвари Русия Зугаир Алиевич Османов, ки ба эъмори иншооти мазкур роҳбарӣ менамуд, мулоқот кард. Ва бо роҳбаладии ӯ ҳар як нуқтаи ин садди азимро қадам ба қадам гашта, аз назар гузаронд. Бо муҳандисону мутахассисин ва коргарон гуфтугузор карда, аз мушкилоту муаммоҳои дар минтақа мавҷудбуда пурсон шуд.
- Сармуҳандиси олии кулли сохтмони Неругоҳи Роғун ва эҷодгари он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, - гуфт дар сӯҳбат бо мутахассисину коргарони сохтмони садди сойи Оби Шӯр Хайрулло Сафарзода, - он кас ба мо таъкид намудаанд, ки дар тамоми нуқоти сохтмони неругоҳ ба сифати кор доимо диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Бинобар ин ҳангоми васл намудани ҳар як ваҷаби сихи оҳанин ва гузоштани ҳар як каф бетон суханони падаронаи Роҳбари давлатамонро бояд дар ёд дошта бошем. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз ин фармудаи Сардори мамлакат сари мӯе инҳироф намояд. Зеро сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ба халқу Ватани мо бояд ба тӯли садсолаҳо хизмат бикунад. Ҳар масъалаю мушкилоте, ки дар кори сохтмони сад пеш ояд, мустақиман ба ман муроҷиат намоед, албатта, онҳоро ҳаллу фасл хоҳам кард.
Пас аз фосилае Хайрулло Сафарзода ба нуқтаи баландтарини соҳили сой баромада, ба сохтмони давомдоштаи сад аз боло мушоҳидакорона нигоҳ намуд ва ба назараш чунин тофт, ки ин сад гӯё аз қаъри сой реша гирифта сабзида баромадааст. Бале, ҳамин ранг маҳкаму мустаҳкам ҷойгузин гардида буд пойбасту деворҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё