Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
метр тоб мехӯрад. Биноан дорои имконияти бештаре шудем, муваффақияти корамон ҳам зиёд гардид.
Мувофиқи талаботи роҳбарияти сохтмон мо ба сифат ва мустаҳкамии иншоот аҳамияти ҷиддӣ додем, - изҳори ақида менамояд Намоз Куганов. - Ғафсии пойдевори садди сойи Оби Шӯр яксаду даҳ метр, баландии кулли сад шасту панҷ метр ва ғафсии қисмати болояш бо тадриҷ кам гашта, ҳафт метр шуд. Сихҳои оҳанини хушсифат ва бадошти сиву шаш ва чил миллиметрӣ ва бетони навъи қавии рақами сесаду панҷоҳро истифода намудем. Баъди анҷом ёфтани сохтмон нуқтаи баландтарини он як ҳазору яксаду бисту панҷ метр аз сатҳи баҳр гардид. Ҳам дар қаъри сой, ҳам дар девори соҳилҳо сихҳои оҳанро дар мағзи сангҳо фурӯ кӯфта, қолиббандӣ кардаем. Ба ин ваҷҳ бо боварии комил гуфта метавонем, ки садди сойи Оби Шӯр иншооти мустаҳкам ва қавие гардида, иншоаллоҳ ба тӯли садсолаҳо ба халқу Ватанамон хизмат хоҳад кард.
Минтақаҳои гуногуни неругоҳи муҳими кишварамонро аз ҳар хавфу хатари селобҳои даҳшатнок ҳифз менамояд.
Заҳмати содиқонаи як саду шаст нафар мутахассисону коргарони ҳамин минтақа ба ин кафил мебошад, - таъкид мекунад Намоз.
Аслан садди сойи Оби Шӯр пеши селобро тамоман намебандад. Вазифаи он шасти обҳои деви ҳафтоду панҷсара ва сангҳои гарони гелонро нигоҳ доштан аст. Баъди баргаштани шасти мудҳиши об ва сангҳо селоби тираи хунмаст аз сӯрохиҳои махсуси девораи сад гузашта ҷорӣ мегардад. Лекин неруи аҳримании таҳрибкориаш дигар баррараф мешавад.
- Афзалияти лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и
шаҳри Маскав доир ба сохтмони сойи Оби Шӯр боз дар
он аст, ки мутобиқи он як силсила корҳои соҳилбандию
соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд, - бо хушнудӣ
қайд менамояд Хайрулло Сафарзода. - Дар ин бобат чихати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё