Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
муҳимтарин он аст, ки пештар селоби тахрибгари сойи Оби Шӯр бо оби Вахшрӯд ба таври амудӣ бархурд карда, бо қудрату тавоноияш маҷрои ин дарёи тезҷараёнро нигоҳ медошт ва боиси вайрониҳо мешуд. Алҳол дар ҷои васлёбии сойи Оби Шӯр ва Вахшрӯд аз бетону сихҳои оҳанин девори паҳно ва мустаҳкаме бунёд гардидааст, ки ба шарофати ин селоби сой ба ин девор бархӯрда, қудраташ боз кам мегардаду дар баробари рӯд бо хатти мувозӣ ҷорӣ мешавад ва бо дарё нисбатан оромона пайванд меёбаду зиёни пешини худро расонида наметавонад...
Ба ҳамин минвол акнун дасту пойӣ сойи Оби Шӯр баста, он ғуруру қиёмаш шикаста ва агар бо ибораи халқӣ гӯем, ба куллӣ «хафагазак»-у ҳаста гардидааст. Ҳоло девори шасту панҷметраи садди сойи Оби Шӯр дар миёни ду кӯҳи Кундизамон ва Миррог баланд афрохта, сохтмон бо сифати олӣ ба анҷом пардохтааст. Ва дар бари девори зинаи панҷум ва охирини он чунин шиор ҷилванамоӣ дорад:
«Садди сойи Оби Шӯр – посбони Коҳи Нур!»
ОТАШИ ҚАЛБИ ИНСОН
Хайрулло Амиралӣ Сафарзода дар ҷараёни бисёр вазифаҳои пурмасъулияту баландпоя ба кишварҳои дуру наздик сафарҳои хизматии зиёдеро анҷом додааст. Аммо сафари хизматие, ки ӯ бо иддае аз ҳамкорони хеш ба шаҳри Милани давлати Италия дошт, бо муҳим будану масъулияти худ фаромӯшнопазир гардид. Солҳое, ки ӯ дар бунёди шабакаҳои обёрӣ ба сифати корфармо хизматҳои арзандаеро ба ҷо овард, дар Вазорати барқ ва саноати ҷумҳурӣ аз роҳбарони ба назар намоён буд ва алалхусус замони мансаби раиси шаҳри Норакро уҳда карданаш ба сафарҳои хизматии зуд-зуд рафтагор мегардид. Албатта, ҳар яке аз ин сафарҳо бори худро доштанд, лекин ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё