Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Хайрулло Сафарзода аз рӯзҳои аввали кор санадҳои марбут ба нерӯгоҳро ҳамаҷониба таҳқиқу муоина карда, бо муҳандисони собиқадори муассиса суҳбатҳо намуда, ба ҳамин васила ҳам масъалаҳоро амиқан меомӯзад ва ҳам чун раҳбари гурӯҳи сафар ба Италия, ба баҳсу мунозираҳо бо коршиносони ноқиди НБО-и Роғун — намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ омода мешавад. Дар суҳбат бо коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ ӯ ва аҳли гурӯҳ эродҳои рақибонашонро ботаҳаммул гӯш карда, бо ҷавобҳои қотеъ беасос будани назари онҳоро исбот менамояд. Баҳсҳо тезу тунд ва тӯлонӣ сурат мегиранд. Намояндагони Тоҷикистон ба ҳар эрод розӣ, аммо собитсозиҳои илмиву амалиро мехоҳанд. Талаби онҳо ҳақиқатро гуфтан ва шаффофиятро талқин кардан аст. Нависанда баҳси коршиносонро, хусусан дар бораи ҷинси кӯҳии алевролит, ки дар деворҳои толори мошинҳои нерӯгоҳ истифода шудаасту намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ба устувории он бовар надоранд, хеле дақиқ ва мушикофона ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашидааст. Гурӯҳи Тоҷикистон аз баҳсҳои рақибони худ нисбати ин сурхсанг қаноатманд нашаванд ҳам, талабот ва дархостҳои онҳоро иҷро намуда, бо овардани далелҳои зиёд намояндагони Бонки Умумиҷаҳониро ба мустаҳкамии ин санг бовар мекунонанд.
Ба ҳамин минвол нависанда муқобилияти шадиди рақибони бунёди сохтмони Нерӯгоҳи Роғун, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ иброз намудани эродҳо роҷеъ ба ин иншоот, кӯшишу талошҳои Пешвои миллат ва муроҷиати хирадмандонаву дурандешонаи он кас ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, назари мутахассисини ин муассисаи баландмартаба доир ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дар ҳамин вазъият ҳамчун Директори генералии ҶСК НБО-и

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё