Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
нокиди мо - сармушовири Бонки Умумиҷаҳонӣ доктор Алесандро Полмери, коршиноси Бонки Умумиҷаҳонӣ, профессор Пол Маринос, профессори Донишгоҳи Турин Барло Ҷованни, иҷрокунандаи корҳои асосӣ Читериё Симони, ки моҳҳо дар Роғун зиста, тамоми иншоотро пиёда гашта, дидаю санҷидааст, Барло ва Симони кормандони ширкати «Электроконсалт» мебошанд. Профессор Барло ҳамчунин амсилаи (модули) геомеханикии иншооти Роғунро тартиб медиҳад.
Вақте суҳбат оғоз шуд, сараввал хоҳиш кардем, ки коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ эродҳои худро баён намоянд. Онҳо асосан дар атрофи нақбҳои обпарто ва баъд бинои неругоҳ, яъне толори мошинҳо баҳс доштанд. Аз рӯи ҳисобу китоби онҳо ҳам корҳои дар замони шӯравӣ иҷрошуда, ҳам корҳое, ки дар вақти барқароркунӣ анҷом пазируфтаанд, хушсифат нестанд ва биноан бисёр минтақаҳои сохтмонро аз нав тармиму таъмир ва бетонпӯш кардан заруранд. Ҳамчунин бисёр манотиқи нақбҳо гӯё барои бардошти бори гарони кӯҳҳо мувофиқ намебошанд ва ба ин ваҷҳ бетонпӯшии иловагиро тақозо мекунанд.
Возеҳ буд, ки маълумоти коршиносон-мусоҳибони мо носаҳеханд, - андеша дошт роҳбари сохтмони Неругоҳи Роғун.
Ба эродҳои беасосу бебунёд қабл аз ҳама худи Хайрулло Сафарзода ҷавобҳои қотеъ дод, ки ҳар як нуқтаи онҳо асосноку боэътимод буданд.
Баъд Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода, Мурод Саъдуллоев, Илҳом Асоев посухҳои Директори генералиро тақвият бахшиданд. Коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ посухҳои бо далел ва табиӣ баён гардидаро ба душворӣ қабул менамуданд. Ба Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода зарур омад, ки ба Роғун, ба директор оид ба масъалаҳои истеҳсолӣ Анвар Раҳмонов ва сардори раёсати назорати техникӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё