Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
А.И. Савич ва тарҷумони ӯро ҳаллу фасл бикунад. Зеро академик А.И. Савич низ ба Италия бояд парвоз намояд ва дар Милан бо роғуниҳо якҷо бошад.
Худи Хайрулло Сафарзода ба тӯли ин панҷ рӯз боясти як ғарам асноду ҷадвалҳоро дақиқан мутолиа карда, дар китоби ёддоштҳояш қайдҳои заруриро сабт намояд, бо иддае аз мутахассисон вохӯрад, силсилаи корҳои барқарорсозии нақбҳои сохмониро бори дигар бубинад, аз ҷараёни умуроти садди сойи Оби Шӯр такроран огоҳ шавад ва ғайра ва ҳоказо.
Ба шарофати соҳибтадбирию кордонии Директори генералӣ шахсони дилсӯз ва пуртаҷриба, ки солҳо дар сохтмонҳои муҳимтарини кишвар умри гаронмоя сарф кардаанд, ба сафари Италия муваззаф шуданд. Ҳамин тавр ба ҳайат Хайрулло Сафарзода роҳбарӣ намуда, директори техникии сохтмони неругоҳи Роғун Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода, сардори раёсати лоиҳавӣ Рустам Ҳусаинов, директори техникии ҶСНК «РоғунГЭСстрой» Мурод Саъдуллоев, сардори сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим (ҳоло вазири нақлиёти ҷумҳурӣ), муовини Директори пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷӣ Пӯлод Ясунов, корманди гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохмонии иншооти гидроэнергетикӣ Илҳом Асоев ва чи тавре ки дар боло зикр намудем, директори Маркази тадқиқоти гидродинамикии кишвари Русия академик Анатолий Игоревич Савич шомил гардиданд.
- Аҷоиботи кор дар он буд, ки аллакай ин ширкат ҳамон ҳисоботи расмии худро ба мо равон кардааст, - мегӯяд Хайрулло Сафарзода, - ҳайат як шабро иҷборан дар Туркия сипарӣ кард, почтаи электронӣ он санадро ба мо дастрас намуд. Рӯзи якшанбе ба Италия расидем, рӯзи душанбе шарикони маскавиамон омаданд. Мо маводи зиёде бо худ доштем, вазифаи асосӣ бароимон ҳимояи лоиҳаи иншооти сарнавиштсози миллат буд. Коршиносони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё