Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
хизмат мекард. Гандум, ҷав, ҷуворимакка ва дигар навъи ғаллагиҳоро ба орди хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ поку тамиз табдил дода, ба мардум пешниҳод менамуд. Дар деҳоти атрофи шаҳри Роғун то ҳол чунин осиёбҳо мавҷуданд. Ба маҳалли сохтмони неругоҳ оед, фурсат ёфта, ба шумо чунин осиёбҳои таърихиро нишон медиҳем. Ба ин маънӣ гуфтаниям, ки алевролити толори мошинҳои неругоҳи Роғун ба зери қабатҳои ҷомаи бетон мемонад ва бо таъсири обу бод ва хоку оташ, яъне чор унсури ҳастӣ фарсуда намегардад.
Аммо коршиносон ба ин далелҳо сар намефароварданд ва ҳеҷ ба гап намедаромаданд. Албатта, ба онҳо нақшаю маълумотномаҳои зиёдеро нишон доданд. Вале онҳо бо омӯхтани ҳеҷ санаду дастур қаноатманд намегаштанд.
- Ба ҳамин минвол баҳсҳо зиёд ба амал омаданд, вале мо ҳайати сарҷамъ будем, - сафари Италияро ба хотир меорад Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода. - Вақте саволе пайдо мешуд, ҳар кас, ки посухи онро донад, фикру ақидаашро иброз медошт ва мо ӯро дастгирӣ менамудем.
Ин ҷо бе муҳобот хизмати Хайрулло Сафарзода хеле арзишманд буд, зеро аз роҳбар бисёр чизҳо вобаста аст. Сарварамон бо маҳорати том тавонист, ки роҳбарии гурӯҳро таври зарурӣ ба ҷо монаду дар фарҷом ба муваффақият сазовор шавем. Баъзе рӯҳафтодаҳо буданд, ки мегуфтанд, чӣ лозим буд, ҳамин омадани мо. Инҳо профессорони номдори арсаи байналмилалӣ ҳастанду мо ноилоҷ мемонем дар назди онҳо ва чандон ҳам далел надорем. «Нията тоза гир, ғайрата пеш бар, шуҷоатманд бош!», шунидам ман аз забони роҳбарамон дар ҷавоби бечоранолии он рӯҳафтодаҳо. Барои ҳамин гурӯҳ муваффақ фаъолият намуд ва ба коршиносон фаҳмонида тавонист, ки як силсила корҳо ба ҳисоб гирифта нашудаанд, биноан эродҳояшон дар ин хусус нодурустанд. Дар мавриди ниёз мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё