Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ягон дастгоҳе нест, ки русуботи пуршудаи Норакро ба ягон ҷо партоем, тоза кунем. Ба ин сабаб обанбори хурд сохта наметавонем. Чун обанборҳои хурд зуд аз русуб пур мешаванд, биноан корҳо барабас мераванд ва натиҷаи зарурӣ ба даст намеояд. Дар сурати эъмори обанбори Роғун, дар он соле то 70-100 млн м³ русуб ҷамъ мешавад.
Оби соф неругоҳи Норакро боз ҳам умри дароз мебахшад.

Аслан мо, ҳама дам шукрона мегӯем, ки дар давраи душвотарину пурфоҷиатарини таърихи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори давлат интихоб шуда, ҳамчун эҳёгари миллати тоҷик, тамаддуни он, бузургони миллат, мутафаккирони ориёӣ, ислом, таҳкими давлатдории мо хидматҳои беназир намуданд. Аз даврони ҳазрати Одам то ин дам ба мисли Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти табаррук, хушкадам, муваффақ на танҳо дар байни халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи мардуми ориёинажод, форсизабонон зуҳур накардааст, ба ибораи халқи тоҷик шахсе мебошанд, ки ба он кас Хӯҷаи Хизр назар намудааст. Дар муддати кӯтоҳ халқи ин қадар парешонгаштаро сарҷамъ карда, дарду ғуссаашро ба дил гирифтанд ва онро табобат намуда, ба ин дараҷаи пешравию пирӯзӣ расониданд. Ва сабақу таҷрибае, ки Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар ҷамъ намудани мардуми фирории тоҷик доранд, имрӯз аз тарафи ҷаҳониён эътироф гардидааст.

Ҷаноби Олӣ дорои ситораи ғолиб ҳастанд. Сохтмони неругоҳи Роғун, ки ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат ба сомон нарасида буд, бо сиёсати хирадмандонаи бунёдкоронаашон эҳё гардид, - зикр менамояд Хайрулло Сафарзода.

Воқеаҳои таъссуротбахшитарин ва фаромӯшнашаванда
барои тамоми мутахассисин ва кормандони неругоҳи Роғун - ин сафарҳои кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон ба маҳалли сохтмон мебошанд. Бо вуҷуди серкорӣ

пешина
аз 216
навбатӣ