Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
механизатсияи хоҷагии қишлоқи техникуми политехникӣ таҳсил кард, касбҳои техникии омӯхт. Ва барои кор ба ягон ҷои дигар нарафта, дар раёсати механизатсияи сохтмони неругоҳи Роғун ба сифати челонгар хизмат намуд. Ӯ ҷавони ҷусту чолок буда, дар ҷисму ҷони худ неруи хастагинопазир эҳсос мекард. Охир кадом ҷавони солими деҳа дар кори ҷисмонӣ хаста мешавад, бале, ӯ хаста шуданро намедонист, ки чист. Бинобар ин ҳар як супориши роҳбари минтақаи корро аз сидки дил ва бо чеҳраи кушода анҷом медод. Ва дар фарҷом бо рӯи пуртабассум маҳтал мешуд, ки боз ба вай ягон коре супоранд, то ӯ аз тахти дил онро ҳам иҷро намояд. Дар асл сидқан кор карданро Амрулло аз падари бузургвораш ёд гирифтааст. Амаки ҳоҷӣ Муқаддас писарони худ - Нурулло, Амрулло ва Талабшоҳро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, пайваста дарси одамият омӯхтааст.
«Чашм номард аст, тарсро мебинад, лекин вақте ки одам кор мекунад, кор бо хушию хубӣ иҷро мешавад, дар кор ҷасурона пеш равед, пас баракати заҳмати худро мебинед», - панду насиҳат мегуфт падар ба фарзандон.
Амаки ҳоҷӣ Муқаддас солҳои тӯлонӣ машғули омӯзгорию корҳои давлатӣ ва ҷамоати деҳоти Оби Гарм буда, аҳли аёлу атфоли хешро бо нӯшу неъмати пок ба камол расонидааст. Ба ҳамин маънӣ рӯзгори падар худ сабакомӯзи фарзандон будааст.
Бародари калонии Амрулло - Нурулло ҳамчун роҳандаи муассисаи «Гидроспецстрой» кор карда, ба шарофати меҳнати содиқонаи худ ба обрӯю эътибори калон соҳиб гардидааст.
Амрулло ҳам барои кордонию интизоми намунавӣ дар раёсати механизатсияи сохтмони неругоҳ ба вазифаҳои усто, сонитар прораби минтақаи корҳои заминӣ ва раиси Иттифоқҳои касаба сазовор дониста шуд. Баъд аз чанде анҷом додани ин корҳои масъул Амрулло зарур ҳисобид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё